Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахиран масоили рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Иштирокдорони ин ҳамоиш, ки дар шаҳри Қайроққум баргузор шуд, роҳҳои тавсеаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҳамин тавр беҳбуди шароити ҷалби сармоя ба онҳоро матраҳ карданд. Мақомоти Тоҷикистон умедворанд, ки дар пайи ин ҳамоиш бо сармоягузорони хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ хоҳанд баст.

ФАРРУХ ҲАМРАЛИЕВ, вазири иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин маврид гуфт: "Ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои ҷалби сармояи мустақил, тавсеаи ҳамкориҳои судманди тиҷоратӣ мусоидат менамояд.
Фаррух ҲАМРАЛИЕВ, вазири иқтисод ва рушди савдо (аз чап) ҳамроҳ бо сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдуфаттоҳ ШАРИФОВ
Умед аст, ки шарикони рушд ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ тақвияти ҳамкориҳои судманд ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодиро чун имкониятҳои фарогири пешрафтаи иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор медиҳанд."

Барои нахустин бор чаҳор минтақаи озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон се соли пеш дар Хуҷанду Панҷи Поён ва Данғараву Ишкошим таъсис ёфтаанд. Муваффақтарини онҳо, минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" ва "Панҷ" унвон мешавад. Ноқилу кабелҳо ва қошин (кафел)-ҳои тавлидшуда дар минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" чун дастовардҳои аслии чунин минтақаҳо дар намоишгоҳи ҳамоиш низ ба чашм мерасид.

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА, раиси вилояти Суғд дастовардҳои минтақаи озоди Хуҷандро "нокофӣ" ва АНВАР ЁҚУБОВ, раҳбари минтақаи мазкур, роҳи фаъолиятро дар ин самт "ноозмуда" ва "пур аз
Қоҳир РАСУЛЗОДА, раиси вилояти Суғд

мушкилоту норӯшаниҳо" номид. Аммо ба ақидаи Анвар Ёқубов, ду-се сол кам аст ва фаъолсозии минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҳудуди ду-се даҳсола ба даст меояд. Бахусус, дар кишваре чун Тоҷикистон, ки фазои озоди сармоягузорӣ ва ҳимояти сармояро ҳанӯз ба вуҷуд наовардааст.

Аммо САРВАР ХОЛИҚОВ, намояндаи котиботи Шӯрои машваратии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ин кишвар ба хотири ҷалби сармояи хориҷӣ як идда сабукиҳо пешбинӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи муқаррароти Кодексҳои андоз ва гумруки Тоҷикистон, сармояе, ки барои таъсиси корхона ба ин кишвар ворид карда мешавад, агар то 500 ҳазор доллар бошад, он корхона давоми ду сол аз пардохти андоз аз даромад озод мешавад.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) яке аз созмонҳои байнулмилалиест, ки ба танзими фаъолияти сармоягузорони хориҷӣ мусоидат мекунад. Ба назари ИВАР ВИКИ, раҳбари дафтари намояндагии созмони мазкур дар Душанбе, ки мехоҳад минтақаҳои озоди иқтисодии худро рушд диҳад, ба чанд мушкили умда рӯ ба рӯ
Ивар ВИКИ, раҳбари дафтари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон

аст. Вай зимни суханронӣ дар ҳамоиш гуфт: "Дар рушди иқтисодии худ Тоҷикистон бо мушкилоти вобаста ба камбудиҳои инфрасохторӣ рӯ ба рӯ аст. Адами маҳорати роҳандозии тиҷорат мутобиқи стандарти байнулмилалӣ миёни сокинон, тобеият ба хадамоти боркашонии кишварҳои ҳамсояи худ барои роҳ ёфтан ба бозорҳои содиротӣ ва нархҳои гарон ба хидматрасонии транзитӣ мувоҷеҳ аст." Ҷаноби Вики афзуд, САҲА дар бартараф кардани ин мушкилот дар доираи салоҳиятҳои худ кӯмаки худро аз Тоҷикистон дареғ нахоҳад дошт.

АЛЕКСАНДР СОБЯНИН, раҳбари Хадамоти барномарезиҳои стратегӣ дар шаҳри Маскав, яке дигар аз иштирокдорони ҳамоиши иқтисодии Қайроққум гуфт: "Бозигарони бузург ба имтиёзҳо ва шароитҳои хос чандон таваҷҷӯҳ надоранд. Барои онҳо шароити итминондиҳанда ва сифат муҳимтар аст. Ин шароитро дастрасӣ
Александр СОБЯНИН, коршиноси рус

ба технологияи пешрафта фароҳам месозад. Он ки минтақаи озоди Суғд аз ҳимояти мақомоти вилоят ва сохтори марбутаи иқтисодии Душанбе бархӯрдор аст, муҳим аст ва ба сармоягузорон итминон медиҳад."

Ин коршиноси рус афзуд, агар Тоҷикистон ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодии худ даст ёбад, дар оянда Русия ва Узбакистон низ бегумон шарики кор хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG