Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

13 медали варзишгарони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии таэквондо


Тими мунтахаби таэквондо ИТФ-и Тоҷикистон

Тими мунтахаби таэквондо ИТФ-и Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби таэквондо ИТФ-и Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Пхеняни Куриёи Шимолӣ соҳиби 13 медал, аз он ҷумла ду нишони тилло гардид.

Ба иттилои масъулини Федератсиюни таэквон-до ИТФ ва кикбоксинги Тоҷикистон дар ин мусобиқоти ҷаҳонии бузургсолон, ки барои бори 17-ум баргузор шуд, варзишгарони 84 кишвар ширкат доштанд. Шарафи Тоҷикистонро 14 нафар ҳимоя карданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (2 тилло-5 нуқра-6 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз тимҳои Куриёи Шимолӣ (19-3-3) ва Русия (5-12-4) дар ҷои севум қарор гирифт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Далер Тӯраев дар вазни то 85 кг (спарринг) дар байни мардон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.



Сабина ТАҒОЙНАЗАРОВА
Дар сабқати занон Сабина Тағойназарова дар вазни то 48 кг дар машқҳои маҷмӯӣ медали тилло ба даст овард.

Беҳрӯз Набиев (78 кг, спарринг ва шикастан) ва Бахтиёр Абдуллоев (дар техникаи махсус) бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Варзишгарони тоҷик, инчунин, дар сабқати дастаӣ байни мардон (дар машқҳои маҷмӯӣ ва техникаи махсус) соҳиби ду медали нуқра гардиданд.

Далер Тӯраев боз дар машқҳои маҷмӯӣ, Парвизи Муродзода (71 кг, спарринг), Шарифи Фарҳод (64 кг, спарринг), Меҳрангез Алиева (машқҳои маҷмӯӣ), дастаи мунтахаби мардонаи Тоҷикистон дар намуди дифоъ аз худ ва мунтахаби занонаи кишвар дар машқҳои маҷмӯии дастаӣ бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG