Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрде, ки амнияти Кобулро зери суол бурд


Кормандони амниятии Афғонистон далелҳои марбут ба ҳамлаи ахир дар Кобулро таҳқиқ мекунанд.

Даргирии миёни артиши афғону нерӯҳои Эътилофи байнулмилалӣ алайҳи толибоне, ки рӯзи сешанбе ба сафорати Амрико, қароргоҳи НАТО ва бинои хадамоти кашфи Афғонистон дар Кобул ҳамла карданд, тақрибан 20 соат идома дошт.

Зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе мақомоти Афғонистон аз таҳти назорат гирифтани биное нимабунёде дар наздикиҳои майдони Абдулҳақ ва сафорати Амрико хабар доданд, ки он ҷо афроди мусаллаҳ он ҷо камин гирифта буданд. Бар пояи иттилоъи расмӣ, дар ин ҳодиса ҳафт нафар, аз ҷумла, чаҳор корманди полис ба ҳалокат расиданд.

Дар задухӯрд шаш тан аз ҳамлагарон ҳам кушта шудаанд. Дар хунсо сохтани ҳамлагарон чархболҳои низомии НАТО ва Афғонистон ширкат доштанд. Сафорати Амрико дар Кобул изҳор намуд, ки ба нафаре аз кормандонаш осеб нарасидааст.

Даргирӣ дар маҳалли атрофи сафоратхонаи Амрико
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00
Линки мустақим


Масъулияти ҳамларо ҷунбиши Толибон бар ӯҳда гирифт ва аммо дар Кобул мутмаинанд, ки ҳамлаи тарҳрезишуда – кори дасти мусаллаҳони фармондеҳ ҶАЛОЛИДДИНИ ҲАҚҚОНӢ аст. Ин гурӯҳ бо Толибон робита дорад ва аммо мустақилона фаъолият мекунад. Пас аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе кормандони хадамоти кашфи Афғонистон ба таҳқиқи бинои камингирифтаи Толибон шурӯъ карданд, то ки далелу санаде дар бораи ин ҳамла пайдо намоянд.

Соли равон хунбортарин дар Афғонистон аз шурӯъи амалиёти зиддитеррор дар ин кишвар дар даҳ соли пеш маҳсуб мешавад. Мавҷи хушунат тобистони соли равон баъди он боло рафт, ки НАТО раванди бар ӯҳдаи нерӯҳои амниятии афғон гузоштани назорати бархе аз манотиқро оғоз кард. Қарор аст, ки ин раванд то охири соли 2014 поён ёбад ва нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро комилан тарк кунанд.

Ва аммо дар ҳоле, ки афроди мусаллаҳ тавону имкони ҳамла ҳатто ба биноҳои муҳим дар маркази Кобулро доранд, то куҷо раванди интиқоли назорат аз НАТО ба нерӯҳои афғонро метавон муваффақ хонд? Ва чӣ гуна афроди мусаллаҳ тавонистанд дар пойтахт, ки барои ҳифзаш нерӯи азими амниятӣ сафарбар шудааст, амалиёти низомӣ доир кунанд?



ШУКРИЯ БОРИКЗАЙ, раиси кумитаи дифоъ дар парлумони Афғонистон, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо низ посухи ин суолҳо, аз ҷумла, суоли дуввумро меҷӯянд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, таъмини назорат дар шаҳре бо беш аз панҷу ним миллион аҳолӣ ва бо афроди гуногуну сохтмонҳои гуногун саҳл нест. Ба гуфтаи Шукрия Борикзай, “он далел, ки сафорати Амрико ва мақари НАТО ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд, нишон медиҳад, ки онҳо хостанд ба НАТО зурнамоӣ кунанд ва ба ин тариқ бигӯянд, ки мо қувваи ҳамла ба шуморо дорем!”

Раисиҷумҳури Афғонистон ҲОМИД КАРЗАЙ ба думболи ҳамлаи ахир ба Кобул изҳор намуд, ки ҳукумат музокирот бо Толибонро мутаваққиф мекунад.
XS
SM
MD
LG