Пайвандҳои дастрасӣ

Пул барои "мактаб"-и мардумсолорӣ


Маҳфили омӯзиши демократия дар минтақаи Ҳимолойи Ҳиндустон.

Маҳфили омӯзиши демократия дар минтақаи Ҳимолойи Ҳиндустон.

Мудири иҷроии Бунёди демократияи Созмони Милал Роланд Рич мегӯяд, “демократия аз ҳаво намеафтад, онро худи одамон месозанд.”

Бо истифода аз ин шеваи гуфтори ҷаноби Рич метавон афзуд, ки демкоратия мактаб, илму олим ва устоду шогирди худро дорад. Раҳбари хазинаи демократияи СММ инро ҳам эътироф мекунад, ки низоми мардумсолорӣ як низоми мураккаб ва мушкил аст, камбуду норасоиҳои худро дорад, аммо дар ҳоли ҳозир ин низомест,
Асли матлаб ин аст, ки одамони одӣ битавонанд соҳиби садои худ шаванд, дар ҳаёти иҷтимоӣ, дар сиёсат, дар умури давлатӣ ширкат дошта бошанд...

ки амалан ба фоидаи аксари кулли мардум натиҷа медиҳад.

Гуфтугӯи мо дар субҳи 15-уми сентябр -- Рӯзи байнулмилалии демократия иттифоқ афтод. Ин таърихро Маҷмаи умумии Созмони Милал эълон кардааст ва дар ин рӯз дар кишварҳои ҷаҳон маъракаву маҳфилҳо баргузор мешавад.

Ҷашнвораи демократия дар соли 2007 тасвиб шуд, аммо ҳанӯз ду сол пеш аз он, дар СММ бунёде таъсис ёфт, ки вазифааш кӯмак ба мардуми кишварҳоест, ки мехоҳанд, дар ватанашон низоми демократӣ пойдор гардад. Ин бунёд аз тариқи ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайридавлатӣ ва сармоягузорӣ ба барномаҳои онҳо ва пеш аз ҳама ба маърифати сиёсии мардум амал мекунад.
Ҳадафаш, ба гуфтаи ҷаноби Рич ин аст, ки одамони одӣ нахуст худ ботинан демократ шаванд, сипас садои онҳо дар ҷомеа шунида шавад ва нақше дошта бошад. Соли гузашта ин бунёд зиёда аз 4000 пешниҳодро, ки аз саросари ҷаҳон расида буданд баррасӣ ва аксари онҳоро сармоягузорӣ кардааст. Дар зимн, ҳоло пешниҳроди тарҳ ва дархости сармоягузорӣ ба маротиб осонтар шудааст, зеро онҳое, ки ташаббусе доранд, метавонад, ба воситаи торнамои бунёд тарҳи худро мустақиман бифиристанд ва бо кормандони хазина вориди гуфтугӯ шаванд.

Ба муносибати Рӯзи байнулмилалии демократия аз мудири иҷроии Бунёди демократияи Созмони Милал Роланд Рич пурсидам, оё созмонҳои ғайридавлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар истифода аз сармояҳои бунёди Шумо то куҷо фаъоланд ва дар кадоме аз ин кишварҳо барномаҳоеро сармоягузорӣ мекунед?

Роланд Рич: “Мо аз Осиёи Марказӣ он қадар дархостномае намегирем, ки аз баъзе
Роналд Рич, мудири Бунёди демократияи Созмони Милали Муттаҳид

бахшҳои дигари ҷаҳон мегирем. Имсол дар Қирғизистон ва Тоҷикистон барнома дорем ва ба фикрам, фақат ҳамин ду барнома дар Осиёи Марказӣ ҳаст. Аммо соли гузашта як барномае доштем, ки ҳарчанд ба Русия марбут буд, аммо барои муҳоюҷироне буд, ки барои кор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин ҷо омадаанд. Ҳадаф аз барнома кӯмак ба муҳоҷирон буд, ки шароити беҳтари кор ва ҳаққу ҳуқуқи беҳтар аз оне ки ҳоло доранд, дошта бошанд. Ва ин барномае буд барои кӯмак ба мардуми Осиёи Марказӣ.”

Пурсиш: Рукни аслии барномаҳое, ки Бунёди демократияи Созмони Милал чист? Бино бар кадом меъёр пешниҳодҳо пазируфта мешаванд?

Роланд Рич: “Мо тарҳҳои худро “барномаи садо” меномем. Яъне садои мардум, садои ҷомеаи маданӣ. Асли матлаб ин аст, ки одамони одӣ битавонанд соҳиби садои худ шаванд, дар ҳаёти иҷтимоӣ, дар сиёсат, дар умури давлатӣ ширкат дошта бошанд. Барои намуна, чанде пеш мо дар Лубнон тарҳи порлумони мардумиро ба роҳ мондем. Яъне афроде, ки ҳарфи гуфтан доранд, андеша ва назар доранд, аммо узви порлумон нестанд, дар ин маҷлис ҷамъ меоянд ва назар медиҳанду роҳҳои ҳалли мушкилоти кишвари худро меҷӯянд. Чунин тарҳ дар чандин кишвар амалӣ гаштааст. Ҳадаф беш тар рӯшангароӣ ва рафъи ҳарос ё канораҷӯии мардум аз сиёсат ва умури давлатист.”

Пурсиш: Бархӯрди ҳукуматҳо ба кори бунёди Шумо чӣ гуна аст? Зеро ҳукуматҳои мустабид хуш надоранд, мардумашон бомаърифат ва фаъол бошад ва онҳоро назорат кунад ё дар мухолифат ба амалкарди онҳо қарор бигирад.

Роланд Рич: “Хушбахтона, мо дар зери чатри Созмони Милал фаъолият дорем ва ҳукуматҳо медонанд, ки бо риштаҳои зиёде ба ин ниҳоди ҷаҳонӣ пайванду вобастагиҳое доранд. Биноан, мушкили бахусусе дар кори мо эҷод намекунанд, ҳарчанд мавридҳое низ будааст, ки натавонистаем барномаҳои худро дар шакли комил амалӣ намоем. Дохили ҳукуматҳо низ якдаст нест. Он ҷо афроде низ зиёданд, ки хостори пешрафти мардум ва ватани худанд. Ин ба кори мо хеле кӯмак мекунад.”

Пурсиш: Барномаҳои Шумо дар Озарбойҷон, кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва бархе аз кишварҳои африқо муваффақ дониста мешаванд. Оё дар гузашта дар Миср, Тунис ва Либия низ барномае доштед?

Роланд Рич: “Албатта, мо дар ин кишварҳо низ барнома доштем, вале бояд ибтидо дар посух ба суоли Шумо бигӯям, ки яке аз бузургтарин ҷанбаъҳои “Баҳори арабӣ” ин аст, ки ҳеҷ хориҷие наметавонад, худро барои он рӯйдодҳо ситоиш кунад. Ин таҳаввуле буд, ки аз худи мардуми он кишварҳо берун омад. Вале ин ҳам дуруст аст, ки мо дар гузашта барномаҳои чандин созмони шаҳрвандии Мисрро сармоягузорӣ кардаем, ки ҳоло дар меҳвари баҳсҳои интихоби роҳи ояндаи Миср қарор доранд. Мо фикр мекунем, як каме ба баҳси рӯшангароӣ ва рушд дар Миср саҳм гузоштаем, дар мавриди он ки Миср ба чӣ роҳе пеш хоҳад рафт ва чи имкониятҳои дар пешорӯи худ дорад.”

Пурсиш: Мо медонем, ки Бунёди демократияи СМ дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон фаъолият ва барномаҳои маърифатию ҳуқуқӣ дорад. Зимни ин вазъи ин кишварҳо бароятон рӯшан аст. Оё дар бораи вазъ ва дурнамои минтақаи Осиёи Марказӣ чӣ гуфта метавонед?

Роланд Рич: “Кишварҳои Осиёи Марказӣ мусалламан мушкилот доранд. Ва чизе ки мо дар Осиёи Марказӣ ба он зарурат дорем, намунаи муваффақ аст. Мо хеле умедворем, ки Қирғизистон нахустин намунаи муваффақ дар Осиёи Марказӣ мешавад ва нишон медиҳад, ки барои идораи давлат ҳатмӣ нест, ки марди қавие раҳбари он бошад. Ва ҳам ин ки ақидаи мардум метавонад шунида шаваду нақш дошта бошад ва ҳукумат дар асоси ризоияти умум сохта шавад. Ман мутмаинам, ки он чӣ дар ҷаҳони араб иттифоқ атфод, метавонад соли оянда, соли баъдӣ ё даҳ сол баъд дар Осиёи Марказӣ низ ба вуқӯъ пайвандад. Аммо хушбахтӣ мебуд, ки агар як намунаи муваффақ дар миён бошад, то ба одамон итминон диҳад, ки чунин пешрафт дар кишвари онҳо низ имконпазир аст. Ва ман хеле умедворам, ки Қирғизистон ба чунин намуна табдил меёбад.”

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG