Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Исроил аз талоши узвияти фаластиниҳо дар СММ


Вазири умури хориҷии Исроил Авигдор Либерман имрӯз ҳушдор дод, ки талоши фаластиниҳо барои узвият дар Созмони Милал пайомадҳои шадид хоҳад дошт. Фаластиниҳо омодагӣ мегиранд, ки 20-уми сентябр, дар ифтитоҳи Маҷмаи умумии СММ аризаи узвияти худро дар ин созмон пешниҳод кунанд. Иёлоти Муттаҳида низ мухолифи ин тарҳ буда, гуфтааст, аз он пешгирӣ хоҳад кард. Вошингтон гуфтааст, давлати Фаластин бояд танҳо аз тариқи гуфтушунидҳо таъсис ёбад. Қарор аст, намояндагони баландпояи Иёлоти Муттаҳида бо сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу ва раиси маъмурияти худгардони ФаластинМаҳмуд Аббос мулолқот кунанд.
XS
SM
MD
LG