Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи афви Тимошенко баррасӣ хоҳад шуд


Парлумони Украина тарҳи қарори “афви сиёсӣ”-и сарвазири собиқ Юлия Тимошенко ва вазири собиқи умури дохила Юрий Лутсенкоро баҳс хоҳад кард. Муаллифи тарҳ вакили мухолиф Ҳеннадий Москал гуфт, сухан дар бораи афви сиёсӣ меравад, на афви ҷиноӣ. Ӯ афзуд, агар ин тарҳ тасвиб шавад, Тимошенко ва Лутсенко аз боздошт раҳо хоҳанд шуд. Ин ду раҳбари мухолифин бо иттиҳоми сӯъиистифода аз мақом дар боздошт қарор доранд, вале ҳарду ин иттиҳомро радд мекунанд. Лутсенко моҳи декабр ва Тимошенко рӯзи 5 август боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG