Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Папандреу бо Меркел ва Саркозӣ баҳс хоҳад кард


Папандреу

Папандреу

Раҳбарони Юнону Фаронса ва Олмон имрӯз буҳрони афзояндаи қарзҳои минтақаи евроро баҳс мекунанд. Гуфтугӯи телефонии сарвазири Юнон Георг Папандреу бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ дар ҳолест, ки имрӯз ожонси рутбасанҷи Moody's эътибори Credit Agricole ва Societe Generale - ду бонки аршади Фаронсаро ба далели асароти буҳрони қарзҳои Юнон як нуқта пойин овард. Бузургтарин бонки Фаронса - BNP Paribas низ дар навбат будааст. Қимати саҳмияҳои ин 3 бонк дар ҳафтаҳои охир ба далели асароти буҳрони Юнон пойин рафт.
XS
SM
MD
LG