Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷик дар наздикии масҷиди Маскав


Масҷиди кӯчаи Виползовийи шаҳри Маскав
Масҷиди кӯчаи Виползовийи шаҳри Маскав
Дар наздикии масҷиди кӯчаи Виползовийи шаҳри Маскав як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои ифротӣ боздошт кардаанд. Бино ба хабарҳо, ҳанӯз рӯзи 31 август касе дар ин масҷиде, ки ахиран аз сӯи мақомот тахриб шуд, шабномаҳои Ҳизби Таҳрирро паҳн кардааст. Тоҷики боздоштшуда ба узвият дар Ҳизби Таҳрир гумонбар мешавад. Фаъолияти ин ҳизби мазҳабӣ, ки барои таъсиси як хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад, дар Русия ва аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG