Пайвандҳои дастрасӣ

Даъват ба раҳоии ҳунармандони маъруфи Эрон


Ҷаъфар Паноҳӣ, коргардони зиндонӣ

Ҷаъфар Паноҳӣ, коргардони зиндонӣ

Беш аз 80 шахсияти фарҳангии Эрон ба раҳоии ҳунармандони шинохта аз зиндонҳо ва бозбинии ҳукми онҳо даъват кардаанд. Дар баёнияе, ки сомонаи “Ҷарас” нашр кард, гуфта мешавад, бархе зиндонҳо чунон пур аз ҳунармандон шудаанд, ки бархе зиндонҳоро ҳатто метавон “ манзили ҳунармандон” номид. Дар ин баёния вижатан аз боздошти ҳунарпешаҳо Марзияи Вафомеҳр, Пагоҳ Оҳангаронӣ ва Ромин Парчамӣ, коргардонҳо Ҷаъфар Паноҳӣ, Муҳаммад Расулоф ва Маҳноз Муҳаммадӣ ва аксбардор Марями Маҷд интиқод шудааст.
Ин афрод дар ҷараёни саркӯбии эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон боздошт шуда, аксаран дар зиндонҳои Эвину Ғарчаки Теҳрон адои ҳукми зиндон мекунанд.
XS
SM
MD
LG