Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё назорати шабакаи интернет имкон дорад?


Барои аввалин бор дар таърих лоиҳаи оинномаи ахлоқии амнияти иттиллотӣ ба Маҷмаи Кулли СММ пешниҳод шудааст.

Рӯзи душанбе сафирони Чин, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон унвонии дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун номаи муштарак фиристода, талаб кардаанд, ки лоиҳаи “”Қонуни байналмилалии ахлоқӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ” дар 66-умин Маҷмаи Кулли СММ ба ҳайси санади расмӣ мавриди баҳс қарор гирад. Чор сафир иброз доштаанд, ки арзёбии ин масъала роҳро барои дарёфт ва қабули меъёрҳои байналмилалии назорати амалкардҳои кишварҳо дар соҳаи фаъолиятҳои марбут бо иттилоъ ва кибернетика боз хоҳад кард.

Чунин як санаде дар саҳнаи байналмилалӣ барои аввалин бор матраҳ мешавад. Муаллифон пешниҳод кардаанд, ки дар он ҳуқуқу вазифаҳои кишварҳо дар соҳаи кибернетӣ ташхис шуда, ҳамкорӣ дар муқовимат ба таҳдидҳои соҳаи иттилооту фазои кибернетӣ тавсеа хоҳад ёфт.

Лоиҳаи оиннома пешбинӣ мекунад, ки кишварҳо довталабона онро пазируфта, ӯҳдадор мешаванд, ки фанновариҳои

мухобиротӣ ва минҷумла шабакаҳои иҷтимоии иттилоотиро, бар зидди ҳамдигар ва назму суботи байналмилалӣ истифода намебаранд.

Ҳамчунон Чин, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон пешниҳод кардаанд, ки кишварҳо танзими бисёрҷониба, ошкоро ва демократии интернетро бар дӯш гиранд.

Коршиносони чинӣ дар сӯҳбат бо расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки бо ташаббуси ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо қонунҳои амнияти фазои кибернетӣ ба тасвиб расидааст, ки ба ваҷҳи умум назорати мухобироти телевизиониро мадди назар буда, ба мухобироти миёни кишварҳо таваҷҷӯҳии зиёд зоҳир нашудааст.

Ба қавли муаллифони паём, дар мамлакатҳои гуногун мафҳуми “ҷинояти кибернетӣ” ва меъёрҳои муҷозоти ҷинояткорони соҳаи кибернетӣ, ки берун аз қаламрави кишвар фаъолият доранд, тафсири возеҳ надорад.

Шореҳони кишварҳои ташаббускори қабули қонун мегӯянд, солҳои ахир як идда кишварҳо меъёрҳои истифодаи фазои кибернетиро ташхис намудаанд. Онҳо хотирнишон мекунанд, ки ИМА як стратегияи кибернетӣ таҳия намуда, ҳушдор додааст, ки ҳамлаи кибернетиро ҳамчун таҷовуз ба истиқлоли кишвар арзёбӣ намуда, дар ҳоли пуштибонии президент ва Конгресси ИМА ба масъулони ҳамлаи кибернетӣ посухи низомӣ хоҳад дод.

Моҳи июли соли равон аснои муаррифии ин стратегия, муовини вазири мудофиаи ИМА Вилям Лин гуфта буд: “ИМА ҳақ дорад бар пояи қонуни низои мусаллаҳона ба

ҳамлаҳои ҷиддии кибернетӣ дар макон ва замон интихобшуда посухи муносиби одилонаи низомӣ бидиҳад.”

Мансабдори амрикоӣ мушаххасан ҳамлаҳои интернетиеро мадди назар дорад, ки шабакаҳои иттилоотиро аз кор мебароранд ва ё сирру асрори давлатиро аз роҳи рахнаи низоми амниятии шабакаҳо дастрас мекунанд.

Аммо манзури чор кишвар аз пешниҳоди қонун шояд дар ваҳлаи аввал муҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ бошад. Рӯзи чоршанбе дар поёни нишасти додситонҳои кулли кишварҳои муштаракулманофеъ Юрий Чайка, додситони кулли Русия бо ишора ба нооромиҳои ахири Лондон таъкид кард, ки шабакаҳои иҷтимоии интернет ба назорат эҳтиёҷ доранд. Ин фикрро додситони кулли Қазоқистон Асҳад Доулбоев пуштибонӣ мекунад. Ба гуфти ӯ, дар интернет садҳо сомонае вуҷуд дорад, ки дар он даъват ба ифротагроӣ тарғиб мешавад. Аммо намояндаи Беларус гуфтааст, ки масъалаи назорати интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ бояд дар сатҳи байналмилалӣ ва аз ҷумла ССМ ҳал шавад.

Тавре ба назар мерасад, ИМА ва кишварҳои ғарбӣ ҳадаф аз назорати фазои кибернетиро ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои ҳаккерҳо медонанд, вале Чин, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон назорати муҳтавои шабакаҳои иҷтимоиву интернетро ҳадаф қарор додаанд.

Дар инқилобҳои кишварҳои арабӣ, ки боиси барканоршавии раҳбарони Мисру Тунис гардидааст, нақши шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ хеле бузург дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG