Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни афв то имрӯз 3600 маҳбусро озод кардааст


Хушҳолии як маҳбуси тоҷик аз раҳоияш аз зиндон

Хушҳолии як маҳбуси тоҷик аз раҳоияш аз зиндон

То имрӯз аз маҳбасҳову боздоштгоҳҳои Тоҷикистон тибқи қонуни афв 3600 нафар раҳо ёфтаанд. “Азия Плюс” аз қавли мақомоти идораи зиндонҳои вазорати адлия хабар дод, ки аз ин шумор 180 нафар занон, 102 тани дигар ноболиғон ва бақия мардонанд.
Ба гуфтаи ин мақом, татбиқи бандҳои қонуни афв 3 моҳ, яъне то 20 ноябр идома кард, бар асоси он, бояд дар маҷмӯъ то 4000 нафар аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо шаванд. Қонуни афви ахир моҳи август ба муносибати солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон тасвиб шуд.
XS
SM
MD
LG