Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис ҳалокати Содирқуловро куштор номид


Мадад Содирқулов
Мадад Содирқулов
Пулиси Қирғизистон мегӯяд, раҳбари собиқи дастгоҳи раёсати ин ҷумҳурӣ дар дувуним соли пеш кушта шуда буд. Ҷасади сӯхтаи Мадад Содирқулов ва ду тан аз ёрони ӯро моҳи марти соли 2009 дар шоҳроҳи Алма-Ато –Бишкек аз дохили мошини оташзадааш пайдо карданд.
Он замон мақомот мегуфтанд, ки ин афрод дар натиҷаи сониҳа ҷон бохтаанд. Аммо пулис акнун 17 нафарро бо гумони даст доштан дар қатли ин мақоми аршади давлати Қурмонбек Боқиев дастгир кардааст. Таҳқиқи парвандаи Содирқулов соли гузашта, баъди суқути давлати Боқиев аз сар гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG