Пайвандҳои дастрасӣ

IMF дар ивази кумак аз Беларус ислоҳот мехоҳад


Крис Ярвис

Крис Ярвис

Сандуқи байналмилалии пул гуфт, пеш аз ироаи кумак ба Беларус аз ин кишвари буҳронзада замонати рӯшани ислоҳот мехоҳад. Раҳбари дафтари ин ниҳоди молӣ дар Минск Крис Ярвис гуфтааст, ҳайъати ӯ моҳи оянда ба хотири музокироти бештар ба Беларус бар хоҳад гашт. Аммо ба гуфтаи ӯ, байни ду ҷониб бар сари шеваҳои сиёсати иқтисодии Беларус ихтилофи назар боқӣ мемонад. Беларус барои расидагӣ ба вазъи буҳронии иқтисодаш аз сандуқи пул 8 миллиард доллар кумаки молӣ хостааст.
XS
SM
MD
LG