Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзалов: "Барои ҳар кило пахта 80 дирам диҳед!"


Ғайбуллоҳ Афзалов (Акс аз бойгонӣ)
Ғайбуллоҳ Афзалов (Акс аз бойгонӣ)
Раиси вилояти Хатлон Ғайбуллоҳ Афзалов ҷиҳати боло бурдани нархи чидани пахта амр додааст. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, Афзалов аз раисони навоҳии вилоят ва аз ширкатҳои сармоягузор хостааст, то қимати чидани ҳар кило пахтаро дастикам 80 дирам таъйин кунанд. Ӯ ҳамчунин аз корхонаҳои пахтатозакунӣ даъват кард, то ҳар тонна пахтаи хомро аз хоҷагиҳои пахтакор ба қимати на камтар аз 800 доллар бихаранд. Ба гуфтаи бархе манобеъ, дар баъзе хоҷагиҳои вилояти Хатлон барои ҳар кило пахта ба пахтачинҳо ҳамагӣ 30 дирам пардохт мекунанд. Хатлон бузургтарин вилояти пахтакори Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG