Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон аз Миср ба Тунис рафт


Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон имрӯз дар идомаи силсиласафараш ба кишварҳои арабие, ки имсол ба суқути режимҳои худкомааш ноил шуданд, ба Тунис рафт. Ҳадаф аз ин сафар, ки аз Миср оғоз ёфт ва баъди Тунис Либияро низ фаро мегирад, таҳкими равобити Анкара бо кишварҳои арабӣ ва тақвияти нуфузи Туркия ҳамчун қудрати минтақавӣ гуфта мешавад. Эрдуғон дирӯз дар Қоҳира ба нишасти вазирони хориҷаи Лигаи араб гуфт, ки эътирофи давлати Фаластин, ки қарор аст, то поёни моҳи равон аз СММ дархост шавад, “на интихоб, балки як ӯҳдадорист.”
XS
SM
MD
LG