Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Moody's эътибори 2 бонки Фаронсаро пойин овард


Ожонси рутбасанҷи Moody's эътибори Credit Agricole ва Societe Generale - ду бонки аршади Фаронсаро ба далели асароте, ки буҳрони қарзҳои Юнон барои ин ду бонк ба бор овардааст, як нуқта пойин овард. BNP Paribas – бузургтарин бонки Фаронса низ ба ҳамин далел таҳти назари манфист ва шояд эътибори ин бонк ҳам баъдан пойин оварда шавад. Қимати саҳмияҳои ин 3 бонк дар чанд ҳафтаи охир ба далели асароти буҳрони Юнон пойин рафт ва буҳрони минтақаи евро вазъияти онҳоро боз ҳам печидатар кардааст. Иқдоми Moody's, ки боиси коҳиши қурби евро дар харидуфурӯшҳои субҳи чоршанбе шуд, дар арафаи гуфтугӯи телефонии шоми имрӯзи сарвазири Юнон Георг Папандреу бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ эълон шуд.
XS
SM
MD
LG