Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври 18-уми сабқати лигаи якуми футболи Тоҷикистон бидуни дастаи “Рашт”-и ноҳияи Рашт, ки аз мусобиқот даст кашид, баргузор шуданд.

Натоиҷи ин бозиҳо чунин аст: «Ҷавонон» (Турсунзода) - «Вахши зарнисор» (Вахш) – 2:2, “Данғара” (Данғара) - «Пахтакор» (Қубодиён) - 1:2, «Саройкамар» (Панҷ) - “Румӣ” (Ҷалолиддини Румӣ) – 1:0.

Ба иттилои масъулини Федератсиюни футболи Тоҷикистон ба иллати аз мусобиқот даст кашидани дастаи “Рашт” дар бозиҳои минбаъда рақибонаш бо ҳисоби техникии 3:0 пирӯз дониста мешаванд: “Рашт” (Рашт) - “Зарафшон” (Панҷакент) - 0:3 (техникӣ).

Бозиҳои даври 18-ум байни дастаҳои «Кӯктош» (Рӯдакӣ) - «Ситора» (Рӯдакӣ) ва «Ҳосилот» (Фархор) - “Ҳулбук” (Восеъ) ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Инчунин дар бозии мавқуфмондаи даври 7-ум “Сабо”-и Шаҳринав дар майдони худ “Локомотив”-и Душанберо бо ҳисоби 8:0 шикаст дод.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Зарафшон» (Панҷакент)

15

10

3

2

34-17

33

2.

«Сабо» (Шаҳринав)

14

9

3

2

39-15

30

3.

«Ҳосилот” (Фархор)

14

9

2

3

23-15

29

4.

«Ҳулбук” (Восеъ)

14

8

5

1

36-12

29

5.

«Пахтакор” (Қубодиён)

15

8

4

3

32-21

28

6.

“Румӣ” (Румӣ)

16

8

1

7

37-25

25

7.

«Саройкамар» (Панҷ)

15

6

4

5

22-22

22

8.

«Вахши зарнисор» (Вахш)

14

5

5

4

30-25

20

9.

«Ситора» (Рӯдакӣ)

13

5

4

4

17-11

19

10.

«Данғара» (Данғара)

15

3

5

7

21-20

14

11.

“Кӯктош” (Рӯдакӣ)

14

3

3

8

13-25

12

12.

“Ҷавонон” (Турсунзода)

14

2

3

9

11-36

9

13.

“Локомотив” (Душанбе)

15

2

2

11

10-45

8

14.

Рашт” (Рашт)

14

1

0

13

4-37

3

Даври 19-ум
20-уми сентябр (сешанбе)


«Сабо» - «Ҳосилот»

21-уми сентябр (чоршанбе)

"Ҳулбук" - "Кӯктош"
"Ситора" - «Саройкамар»
«Румӣ» - «Данғара»
«Пахтакор» - «Ҷавонон»
«Вахши зарнисор» - «Рашт» (3:0 техникӣ)


Оғози бозиҳо – соати 16:30

Бозии даври 23-юм миёни дастаҳои “Сабо” ва “Ҷавонон” пешакӣ, 17-уми сентябр, баргузор мешавад.

Воқеъан, бегоҳи рӯзи шанбе, инчунин, бозии мавқуфмондаи даври 28-уми сабқати лигаи олӣ байни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода барпо мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG