Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастикам 17 кушта дар хушунатҳои Ироқ


Силсилаи ҳамалоти имрӯза алайҳи нирӯҳои амниятии Ироқ дастикам 17 кушта ба ҷо гузошт. Хунинтарин ҳамла, ки мунҷар ба ҳалокати дастикам 13 нафар ва ҷароҳат бардоштани то 50 тани дигар шуд, таркиш дар ҳошияи як ошхона дар шаҳри Мезотия, воқеъ дар наздикии Ҳило буд. Маъмурони амниятӣ одатан дар ҳамин ошхона нон мехӯрданд. Ба бомб бархӯрдани мошини мақомоти амниятӣ дар Ҳаббония, 80–километрии ғарби Бағдод, дастикам 2 сарбозро кушта, 10 тани дигарро захмӣ кард. Ду афсари пулис дар шимоли Бағдод бар асари ҳамлаи чирикиҳо ба як посгоҳ ҷон бохтанд. Ин хушунатҳо дар ҳолест, ки нирӯҳои Амрико бояд то поёни сол аз Ироқ бираванд.
XS
SM
MD
LG