Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се хатти нави парвозҳои "Тоҷик Эйр"


Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳо дар хутути ҳавоии Душанбе – Иркутск ва Кӯлоб – Маскавро аз сар гирифта, ҳамчунин хатти нави Хуҷанд - Самараро боз мекунад. Бино ба гузориши “Азия Плюс”, қимати як тарафи парвоз ба Иркутск аз пойтахти Тоҷикистон - 285 евро, аз Кӯлоб ба Маскав – 330 евро ва аз Хуҷанд то Самара 250 евро таъйин шудааст. Имсол дар Тоҷикистон аз хидмати ширкатҳои ҳавопаймоӣ 767 ҳазор мусофир истифода бурдаанд. 402 ҳазори онҳо тавассути ширкатҳои маҳаллӣ истифода бурда, 365 ҳазор мусофир тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои хориҷӣ сафар кардаанд.
XS
SM
MD
LG