Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат парвандаи Ҷ.Қосимовро назорат хоҳад кард


Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо ирсоли як ёддошт ба вазорати умури хориҷии он кишвар хостори мусоидат дар таҳқиқи фарогири парвандаи қатли шаҳрванди 24-солаи тоҷик Ҷонибек Қосимов шудааст. Ҷасади гарданбуридаи Ҷонибек Қосимов рӯзи 7 сентябр аз ҷангалзоре дар атрофи рустои Василковои ноҳияи Сергиев Посади вилояти Маскав ёфт шуд. Ҷанозаи ӯро рӯзи шанбеи гузашта ба зодгоҳаш – ноҳияи Панҷакент – оварданд.
Ҳамасола то 1 миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 395 тобут омадааст.
XS
SM
MD
LG