Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тақозои таҳқиқи қатли шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Сафорати Тоҷикистон тайи як нома аз мақомоти Русия хостааст дар таҳқиқи қатли Ҷонибек Қосимов кӯмак намоянд.

Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир намояндагии кишвараш дар Федератсияи Русия қазияи куштори Ҷонибек Қосимови 24-соларо, ки дар яке аз минтақаҳои атрофи пойтахти Русия ба таври ваҳшиёна кушта шудааст, пайгирӣ дорад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, масъулини сафорат пас аз ин ҳодисаи мудҳиш ба наздикони кушташуда дар тамос шуда дар амри фиристонани тобути ӯ ба зодгоҳаш мусоидат кардаанд. Дар ҳоли ҳозир роҷеъ ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқот оғоз шудааст.

Ҷасади Ҷонибеки 24-соларо аз Маскав, рӯзи шанбеи гузашта бо осори 21 зарбаи корд ва бо гардани бурида ба Панҷакент оварданд

Амаки Ҷонибек - Амриддин Қосимов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади ӯро дар як ҷангали назди деҳаи Василево, 80-километрии пойтахти Русия занбурӯғчинҳо пайдо карда ва ба пулис хабар додаанд.

"Ба мо аз Идораи умури дохилии шаҳраки Сергиев Посад гуфтанд, ки Ҷонибекро дар ҷои дигар кушта ҷасадашро оварда дар ҷангал партофтаанд ва мошинашро дар ҷои дигар сӯзонидаанд. Бовар кунед, чӣ хеле гӯсфандро мекушанд, ҳамин хел рафтор кардаанд. Аввал 21 корд зада, пас аз он гарданашро буридаанд. Ҳоло мо дар бораи азобу шиканҷае, ки ба ӯ додаанд, намедонем. Пулиси он ҷо гуфт, ки таҳқиқот мебаранд ва ҳар натиҷае, ки ба даст омад, ба мо хабар медиҳанд",-афзуд ӯ.

Амриддин Қосимов, амаки Ҷонибек мегӯяд, вақте ба Идораи умури дохилаи шаҳраки Сергиев Посад дар робита ба қазияи Ҷонибек Қосимов муроҷиат кардаанд, онҳо дар посух гуфтаанд, ки ҳоло ҳеҷ маълумоте дар даст надоранд ва бо боз шудани уқдае аз ин ҳодиса онҳоро дар ҷараён хоҳанд гузошт. Вай мегӯяд, чандон бовар надорад, ки онҳо ба ин қазия ҷиддӣ муносибат кунанд.

Ба қавли Амриддин Қосимов, дар манзилашон ҷиҳози хонадоршавии Ҷонибек Қосимов омода шуда буд ва ҳама интизори рӯзи хӯрсандии ӯ буданд. Рӯзи хурсандие, ки акнун ба мотами як хонавода ва доғи сиёҳе дар дили волидони ӯ табдил ёфтаанд.

Сарнавишти Ҷонибек Қосимов танҳо ҳодисае нест, ки дар Русия ба сари муҳоҷирони тоҷик меояд. Тайи як даҳсола аст, ки теъдоди тобутҳои муҳоҷирони корие, ки хусусан аз дасти миллатгароҳои рус ба қатл мерасанд, сол ба сол афзоиш меёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG