Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри гузориши солонаи вазъи озодии дин дар ҷаҳон


Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гузориши нави худро дар бораи вазъи озодии дин дар 200 кишвари олам мунташир намуд. Дар он гуфта мешавад, ки дар аксари кулли кишварҳо озодии дин бо мушкилоти гуногун рӯбарӯст. Чандин кишвар, аз ҷумла Эрон, Узбакистон, Чин, Бирма дар феҳрасти нигарониҳои махсус номбар шуда, дар гузориш омадааст, ки вазъи озодии дин дар Афғонистон, Ироқ, Покистон, Русия ва Тоҷикистон низ бо мушкилоти ҷиддие рӯбарӯст. Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон, дар бораи ин гузориш гуфт:

“Асное ки ба ақсои олам менигарем, бисёр кишварҳоро мебинем, ки ҳукуматҳояшон асоситарин ҳаққи инсонро рад мекунанд, ки ин – эътиқод бино бар идроки худ ва ҳамчунин озодии надоштани эътиқод ё пайравӣ накардан аз динест, ки ҳукумат ба он бартарӣ медиҳад”
XS
SM
MD
LG