Пайвандҳои дастрасӣ

Васиқаи озодии амрикоиҳои маҳбус дар Теҳрон муайян шуд


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод ба шабакаи телевизионии NBC-и Амрико гуфт, ду амрикоие, ки моҳи гузашта дар Эрон бо иттиҳоми ҷосусӣ ба ҳашт соли ҳабс маҳкум шуданд, дар ду рӯзи дигар озод хоҳанд гашт. Вакили дифои Шейн Бойер ва Ҷош Фаттол гуфт, Эрон барои озодии ҳар кадоме аз онҳо васиқаи 500 ҳазордолларӣ муқаррар шуд ва бо пардохти ин маблағ зерҳимоятҳои ӯ фавран озод хоҳанд шуд. Бойер ва Фаттол дар моҳи июли соли 2009 дар марзи Эрон бо Ироқ боздошт шуданд. Онҳо хостори бознигарии ҳукми додгоҳи 28-уми август шудаанд. Амрикоии савум, Сара Шруд моҳи сентябри соли 2010 дар ивази 500 ҳазор доллар озод шуд. Аҳли хонавода ва мақомоти амрикоӣ аз изҳороти ахири Аҳмадинажод истиқботл кардаанд.
XS
SM
MD
LG