Пайвандҳои дастрасӣ

IMF кӯмак ба Беларусро ба ислоҳот бастагӣ дод


Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF) гуфт, дар ҳоле ба Беларус қарз хоҳад дод, ки дар таваққуи он ба ислоҳот мӯътамад шавад. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки ду тараф сари шеваҳои ислоҳоти иқтисодӣ ихтилофи назар доранд. Гуфтушуниди ҳайати Сандуқи Байнулмилалии Пул ва ҳукумати Беларус сари 8 миллиард доллар воме, ки президен Аляксандр Лукашеко хостааст, моҳи оянда дар Минск идома хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол Беларус бори дувум аз моҳи май ба ин сӯ қурби пули миллии худро поин мебарад, ки аз талабҳои Сандуқи Байнулмилалии Пул мебошад.
XS
SM
MD
LG