Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон шинохти Фаластинро як "ӯҳдадорӣ" номид


Сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба вазирони кишварҳои арабӣ гуфт, дар ҳоле ки фаластиниҳо аризаи узвият дар Созмони Милалро медиҳанд, шинохти расмии давлати Фаластин як ӯҳдадорист. Дар дидоре дар қароргоҳи Лигаи кишварҳои араб дар Қоҳира, Эрдуғон гуфт, Фаластин то поёни имсол “дар вазъи комилан мутафовите” қарор хоҳад гирифт. Вай ҳамчунин афзуд, Исроил худро дар муҳосира қарор дод ва “бояд сазои ҷиноятҳои худро бигирад.” Нутқ дар Қоҳира бахше аз сафари Эрдуғон ба Миср, Тунис ва Либия аст.
XS
SM
MD
LG