Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Озодии дин дар қабзаи фишори ҳукуматҳост


Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, озодии дин дар 200 кишвари олам бо мушкилоти гуногун рӯбарӯст.

Дар гузориши нави ин ниҳод, ки бештар таҳаввулоти моҳҳои июл то декабри соли 2010-ро фаро мегирад, аз он изҳори нигаронӣ мешавад, ки нақзи ҳуқуқҳои динии одамон аз тарафи ҳукумат аҳолиро ҳошиянишин, ноумед ва осебпазир намуда,
Барои мо муҳим аст, ҳақиқатро баён дорем ва ба ҳамаи давлатҳо бо як меъёр муносибат намоем...

тундравонро ҷасорат медиҳад ва ба хушунатҳои байнимазҳабӣ асос мегузорад.

Ба ин иллат, гуфт вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон, чунин вазъият эътидолу оромии ҷомеаҳоро баҳам мезанад.

Аз сӯи дигар, гуфт, хонуми Клинтон, эҳтироми ҳукуматҳо ба озодии дин ба амният ва шукуфоӣ кӯмак мекунад.

Хонуми Клинтон мегӯяд: “Вақте ҳукуматҳо озодии динро эҳтиром мекунанд, вақте онҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рушди эҳтироми тарафайн ҳамкорӣ мекунанд ё вақте ки омилони хушунати зидди ақаллиятҳои диниро ҷазо медиҳанд, ба поин рафтани шиддат мусоидат мекунанд. Онҳо метавонанд, бидуни нақзи озодии баён мухолифати омро ба шиорҳои бадбинӣ ба вуҷуд оранд. Ба ин тартиб, онҳо фазои мусолиҳаеро фароҳам меоранд, ки ба эътидол, амният ва шукуфоии бештар мусоадат мекунад.”

Гузоришҳои солонаи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида бо дастури Конгресси ин кишвар омода мешаванд ва ба ҳукумати Амрико ин ҳақ дода шудааст, ки бар пояи натиҷаҳои пажӯҳиш зидди ин ё он кишвар таҳрим пешниҳод кунад.

ҲАШТГОНАИ БАДТАРИНҲО

Ҳашт кишвар, аз ҷумла Эрон, Узбакистон, Чин, Кореяи Шимолӣ ва Арабистони Саудӣ ва ғайра бадтарин поймолкунандагони озодиҳои динӣ номида шудаанд. Дра гузориш омадааст, нақзи ҳуқуқи инсон ба пайравӣ аз адён дар ин мамолик шеваи “фоҳиш, мудаввом ва равишдор” касб кардааст.

Клинтон гуфт, "мақомоти Эрон мусулмонони сӯфӣ, насрониҳои инҷилӣ, яҳудиён, баҳоиён, сунниҳо, аҳмадиҳо ва дигар гурӯҳҳои диниро зери фишори шадид қарор додаанд." Вай ҳамчунин ба 12 ҳамлае дар Ироқ ишора кард, ки аз хушунати байнимазҳабӣ сарчашма гирифтаанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, Узбакистон даъват ба динро ғайриқонунӣ мешуморад ва сӯҳбат аз дин берун аз масҷидҳои давлатӣ барои мусулмонон хатаровар аст. Чин ба таври мунтазам буддоиҳои Тибет, мусулмонони уйғур ва дигар ақаллиятҳои диниро саркӯб мекунад.

ТОҶИКИСТОН ДАР ГУРӮҲИ ДУВУМ

Ин даста аз кишварҳо, бино бар гузориши Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида низ дар нақзи ҷиддии озодии дин таҷриба доранд. Дар ин банд Афғонистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон зикр ёфтаанд.

Гуфта мешавад, дар ҳоле ки Қонуни асосии Тоҷикистон озодии динро кафолат додааст, қонунҳои дигар ва дастурҳои ҳукумат ин озодиҳоро тахриб мекунанд. Дар як соли гузашта вазъи озодии дин дар Тоҷикистон, бино бар гузориши мазкур, бадтар шудааст.

Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон, ки дар моҳи марти соли 2009 қабул шудааст, нуфузи давлатро ба пайравони дин густариш дод. Дастури номнависи дубораи созмонҳои динӣ бо талаб ва шароити нав сабаби аз фаъолият мондани даҳҳо иттиҳодияи динӣ шуд ва сабти номи созмонҳои нав мушкил гашт.

Дар моҳи августи соли 2010 раисиҷумҳур ба бозгардони донишҷӯёни муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ дастур дод, ки бе иҷозаи давлат сафар кардаанд. Ҳукумат ҳамчунин бархе аз гурӯҳҳои диниро бо барчаспи “тундгароӣ” манъ кард. Вазорати маориф бо дифоъ аз либоси ягона ҳиҷобу рӯсариро дар мактабу донишгоҳҳо манъ кард. Мақомот аз ин тасмим ҳимоят мекунанд ва мегӯянд, ба хотири он гирифта шудааст, ки маорифи дунявиро ҳифз намояд. Намояндагони давлат, аз ҷумла вазири маориф дар мазҳари ом зидди занони ҳиҷобпӯш суханони истеҳзоомез гуфт.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида масъалаҳои озодии динро бо мақомоти давлати Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи дин дар чаҳорчӯби рушди ҳуқуқи инсон мунтазам баҳс мекунанд ва ҳамчунин бо сарони ҷомеаҳои динӣ мулоқот баргузор менамоянд.

ТАВСИЯҲО

Дар гузориши Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ин бор нақшаҳои ҳукумати Амрико барои рушди озодии дин дар ҷаҳон низ пайрезӣ шудаанд.

Майкл Познер, ёвари вазири умури хориҷии Амрико иқдомоти муҳиме дар ҳоли шаклгирист, аммо ин тарҳ дар нисбати кишварҳое, ки Иёлоти Муттаҳида бо онҳо равобити дипломатӣ надорад, бо мушкил рӯбарӯст. Ҳамзамон, Познер худи ҳамин гузоришро як абзоре донист, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад, истифода кунад.

“Мо масъалагузорӣ мекунем ва ин корро идома хоҳем дод. Албатта, бо ҳукуматҳое чун Кореяи Шимолӣ мушкили равобит дорем ва бо бархе кишварҳои дигар низ, ки номашон ин ҷо ҳаст, вале барои мо муҳим аст, ҳақиқатро баён дорем ва ба ҳамаи давлатҳо бо як меъёр муносибат намоем. Ин кор одамонеро дар он ҷомеаҳо нерӯ мебахшад, чунки мефаҳманд, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида садояшонро мешунавад ва ба он аҳамият медиҳад.”

Дар гузориши нав ҳамчунин ҷанбаъҳои дигаре тазаккур ёфтаанд. Аз ҷумла бурузи эҳососоти зиддиисломӣ дар “бисёре аз минтақаҳои Аврупо” ва афзоиши маҳдудиятҳо дар нисбати сарулибоси мусулмонон. Муаллифон инчунин ба афзоиши аъмол ва сухани яҳудбадбинона “дар ҳамаи қитъаҳои олам” ишора кардааст.
XS
SM
MD
LG