Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як фармондеҳи Лашкари Таййиба дар Кашмир


Кашмир (Акс аз бойгонӣ)
Кашмир (Акс аз бойгонӣ)
Пулиси Ҳинд мегӯяд, нирӯҳои Ҳинд як фармондеҳи аршади гурӯҳи ҷангии Лашкари Таййибаро куштаанд. Пулис гуфт, Абдуллоҳ Унӣ дар як задухӯрд дар шаҳри Сиёпур, дар Кашмири таҳти назорати Ҳинд кушта шуд. Унӣ бо иттиҳоми даст доштан дар таҳия ва анҷоми ҳамалоти мухталиф яке аз афроди рақами яки таҳти таъқиб дар Ҳинд шинохта мешуд. Лашкари Таййиба гурӯҳи ҷангиест, ки дар Покистон асос ёфта, барои озодии Кашмир аз назорати Ҳинд меҷангад. Масъулияти ҳамлаҳои террористии 3 соли пеши Мумбайро, ки беш аз 160 кушта ба ҷо гузошт, ба Лашкари Таййиба бор мекунанд.
XS
SM
MD
LG