Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русия манбаи аслии воридоти бензин боқӣ мемонад"


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, нерӯи ворид кардани маводи нафтӣ аз дигар манобеъ, ба ҷуз Русияро надоранд.

Тоҷикистон дар ҳоле ба коҳиши воридоти навъҳои маъмули бензин аз Русия ва дар кул афзоиши қимати маводи нафтӣ мувоҷеҳ мешавад, ки кӯшишҳои ҳукумати ин кишвар барои дарёфти манобеи алтернативӣ натиҷа надодаанд.
Масъаларо якҷониба дида, мегӯянд, мо он қадар мустақил ҳастем, ки дигар ба касе эҳтиёҷ надорем. Аммо ҳама медонанд, ки аз ҳама вобастаем. Аз ин хотир, ба ин ҳолат омадем. Чаро ҳамон таҳлилгарони ҳукуматӣ ин вазъро пешбинӣ накарданд?


ЗАЙНИДДИН МАҲМУДОВ, сарвари шӯъбаи равобит бо кишварҳои ИДМ-и Вазорати иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон мегӯяд, манбаи асосии воридоти маводи нафтӣ барои Тоҷикистон ҳамоно Русия боқӣ монда ва музокироти ҷонибҳо сари қимати боҷи гумрукӣ қатъ нашудаанд.

Вай ба сиёсат омехта шудани ин мавзӯъро баъид намедонад: "Мо ҳеҷ вақт аз музокирот даст накашидаем, аммо дар ин маврид маводи сӯхт ба як маводи сиёсӣ табдил шудааст. Яке мехоҳад ғавғову ҳангома сари ин барпо мекунад. Дигаре мехоҳад, ки ҳадафҳои худро бароварда кунад. Ба ҳар ҳол, ин гуна гапҳо ҳастанд."

Эмомалӣ РАҲМОН ва Дмитрий МЕДВЕДЕВ
Агарчи саҳми Тоҷикистон дар содироти маводи нафтии Русия хеле ночиз аст ва ҳатто 1 дарсадро ташкил намекунад, саҳми Русия дар бозори ин навъи маводи Тоҷикистон 90 дарсад рақам зада мешавад. Аммо дар пайи мухолифатҳои ду кишвар рӯи иҷорапулии пойгоҳи 201-и Русия, фурудгоҳи "Айнӣ" ва ҳам мақоми марзбонони рус дар Тоҷикистон Маскав тадриҷан аз соли 2010 то ба имрӯз боҷи гумрукиро барои маводи нафтӣ аз 200 ба 399 доллар боло бурд.

Бар пояи иттилои расонаҳо, Тоҷикистон барои ҳузури пойгоҳи 201 аз Русия 300 миллион доллар тақозо кардааст ва барои фурудгоҳи низомии "Айнӣ" низ таваққуоте дорад, ки ба назари коршиносон, ҳаҷми солонаи боҷи гумрукиро ҳам Маскав ба ин арқом баробар кард. Интизор мерафт дар мулоқоти раҳбарони ду кишвар ин баҳсҳо ниҳоӣ шаванд, аммо ҷониби Русия якҷониба эълон дошт, ки ҳузури пойгоҳаш дар Тоҷикистон то 49 соли дигар тамдид мешавад ва созишномаи ниҳоӣ дар семоҳаи аввали соли оянда имзо хоҳад шуд.

Дар бораи баррасии боҷи гумрукӣ дар ин мулоқот чизе маълум нест. Баъд аз ҳамтои русаш ба Тоҷикистон Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон омад ва эълом дошт, ки кишвараш ба Тоҷикистон
Маҳмуди АҲМАДИНАЖОД дар ҷараёни сафараш ба Душанбе гуфт, ки кишвараш ба Тоҷикистон нафту газро арзонӣ хоҳад дошт...
нафту газро арзонӣ хоҳад дошт. Аммо Маҳмуди Аҳмадинажод ҳанӯз ба Эрон нарасида, Русия эълом дошт, ки содироти навъҳои 92 ва 95, дуруст бензини хеле маъмул дар Тоҷикистонро муваққатан қатъ хоҳад кард.

Иддае аз коршиносон ба ин натиҷа расиданд, ки дар мулоқоти раҳбарони Русияву Тоҷикистон ҳеҷ як аз баҳсҳои мавҷудаи миёни ду кишвар ба ҷое нарасидаанд ва Русия ҳам то се моҳи аввали соли ояндаро маҳз фосилае пиндоштааст, ки Тоҷикистон метавонад ба манобеъи алтернативӣ, аз ҷумла маводи нафтии Эрону Туркманистон даст ёбад.

МУЗАФФАР ОЛИМОВ, сарвари маркази таҳлилии "Шарқ" мегӯяд, Душанбе ҳамеша дар ҳисобҳои худ хато кардааст ва ё вонамуд мекунад, ки хато мекунад. Вай афзуд: "Масъаларо якҷониба дида, мегӯянд, мо он қадар мустақил ҳастем, ки дигар ба касе эҳтиёҷ надорем. Аммо ҳама медонанд, ки аз ҳама вобастаем. Аз ин хотир, ба ин ҳолат омадем. Чаро ҳамон таҳлилгарони ҳукуматӣ ин вазъро пешбинӣ накарданд? Фаразан, агар муносибатро бо Русия бад кунем, масалан, дар ҳамин масъалаи сӯзишворӣ оё алтернатива дорем? Бо эътимодбахшиҳои Эрон намешавад бовар кард, зеро худаш дар ин самт худкифо нест."


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:05 0:00
Линки мустақим


ЗАЙНИДДИН МАҲМУДОВ аз Вазорати иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ҳамин соату ҳамин лаҳза ё рӯзу моҳ кишвар нерӯи ворид кардани маводи нафтӣ аз дигар манобеъ, ба ҷуз Русияро надорад. Аммо коршиносон ба танзим ва шаффофияти бозори дохилӣ ҳам ишорат мекунанд, ки бидуни шак, роҳҳали умдаи мушкил ва паст кардани ташаннуҷ буда метавонад. Ба қавли онҳо, фаъолияти ширкатҳое, ки бо тиҷорати маводи сӯхт дар кишвар машғуланд ва аз сӯи мақомоти болоии ҳукумат пуштибонӣ мешаванд, шаффоф нест.

Парвина ҲОМИДОВА, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик
ПАРВИНА ҲОМИДОВА, коршинос дар умри иқтисод ва муаллифи матолиб дар ин мавзӯъ мегӯяд, дар боло рафтани қиматҳо саҳми ширкатҳои дохилӣ аз Русия шояд кам набошад: "Дар ин бора ҳатто мутахассисон сӯҳбат накунанд ҳам мешавад, зеро мушкил бармало аст. Мо ҳамарӯза болоравии нархҳоро мебинем. Аммо хеле ачиб аст, ки маҳз имсол масъалаи манобеи дигар пайдо шуд. Ин масъаларо бояд новобаста аз мушорикати стратегӣ бо Русия бармаҳал баррасӣ мекарданд."

Зайниддин Маҳмудов аз Вазорати иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумати кишвар ҷиддан тасмим гирифтааст, ки дар баробари музокирот бо Русия аз манобеи дигар даст набардорад. Ба қавли ӯ, тарҳи сохтмони полоишгоҳҳои нафтӣ дар Шаҳринав, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа омода шуда, то соли дигар ниҳоӣ хоҳанд шуд. Вале ба назари коршиносон, барои ҳукумат суоли аслӣ ин аст, ки дар кадом вазъ то он рӯзҳо хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG