Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳфили ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд дар Душанбе бо ширкати ҷамъи зиёде аз зиёиён ва ҳаводорони ӯ доир шуд.

Суханварони ин ҳамоиш аз Масъуд ба унвони як қурбонии терроризм ёд карданд ва нақши ӯ дар муқовимат ба ин зуҳуротро сутуданд. Дар маҳфил шахсиятҳои муҳими фарҳангии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ширкат ва суханронӣ карданд.

АБДУЛҒАФУРИ ОРЗУ, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, дар суханронии худ аз корнамоиҳои Аҳмадшоҳи Масъуд, нақши ӯ дар мубориза бо терроризм ва таҷовузи эълоннашудаи Толибони покистонӣ ба Афғонистон ва инчунин аз саҳми Масъуд дар сулҳи Тоҷикистон ситоиш кард. Оқои Орзу ҳамзамон гуфт, Тоҷикистон муҳимтарин пуштибони ҷабҳаи Масъуд дар муқовимат бо гурӯҳи Толибон буд. Ҷаноби Орзу

гуфт: "Тоҷикистон пушти ҷабҳаи мутмаин барои муборизот дар давраи муқовимат аст. Ҳаргиз мо наметавонем давраи муқовиматро ба хубӣ бишиносем, магар китобе тадвин шавад ва нақши Тоҷикистон ба унвони пуштиҷабҳаи муқовимат тавассути фарҳехтае аз фарҳехтагони сарзамини азизи Тоҷикистон таҳлил шавад. Умедворам ин корро фарҳехтагон анҷом диҳанд."

НАМОДИ МУҚОВИМАТ ВА ОЗОДИХОҲӢ

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин ГУЛРУХСОР, шоираи саршиноси тоҷик ҳам сухан гуфт ва афзуд, ки Масъуд намояндаи ҳамаи миллатҳои озодихоҳ буд. Ва тире, ки ба синаи Масъуд расид, захме ба пайкари Осиё буд. Ӯ гуфт, сангари Масъуд сангари давомдори зиндагӣ аст. Аммо ӯ танҳо ва истисноӣ буд, бо вуҷуде, ки ҳазорону садҳазор ошиқу дӯстдор дорад, аммо боз ҳам вақте аз миёни мо рафт, ҳеҷ касе дигар ҳатто ба гунаи ӯ маълум нашуд. Гулрухсор гуфт: "Дар бораи Масъуд мо чизе намегӯем, ӯ ҳамаи гапҳоро худаш гуфта буд. Ӯ намояндаи миллатҳои азияткашидае буд, ки баланд шуд ва гуфт, ки мо омодаем биҷангем, то ки шараф дошта бошем. Аҳмадшоҳ танҳои танҳо зист ва танҳо шаҳид шуд. Дар осмон ситорае аз шарми бекасӣ, Худро ба дори гардани маҳтоб мекашид."



СИПАНД, шоири эронӣ, ки дар ин маҳфил ҳузур дошт, гуфт, ки тавассути як китоби донишманди иронӣ Чингизи Паҳлавон
Гулрухсор, шоираи тоҷик

бо ҷаҳони Масъуд ошно шуда ва ошиқ шудааст. Ӯ гуфт, дар ин мусохиба мусоҳиба ба ниҳояти содагӣ таърифи демократияро баён карда буд. Ӯ гуфт, модарон бояд ба фарзандонашон дарси озодагиро аз ин мард бидиҳанд.

БУЗУРТАР АЗ НАПОЛЕОН

Як донишомӯзи литсеи "Сомонӣ" низ дар ин маросим суханронӣ кард ва гуфт, ба суханони Абдулло Иззом, донишманди араб, ки гуфтааст, Масъуд бузургтар аз Бонапард Наполеон буд, чаро Наполеонро русҳо шикаст дода буданд, аммо Масъуд русҳоро шикаст, инро мехоҳад изофа кунад, ки фарқи Масъуд аз Наполеон ва Гитлер, ки ҳардуро русҳо шикаст доданд, дар он аст, ки Масъуд дар дифоъ аз замини худ шаҳомат нишон дод, дар ҳоле он ду мехостанд, заминҳои дигаронро ба тасарруф дароваранд.

МАСЪУД МАҲБУБИ ТОҶИКОН АСТ

Аҳмадшоҳи Масъуд, ки ду рӯз пеш аз ҳодисаи 11-и сентябри соли 2001 дар ҳамлае интиҳорӣ дар Афғонистон кушта шуд, дар Тоҷикистон аз маҳбубияти хосе бархурдор аст ва ҳатто мешавад гуфт, ки ҳеҷ сиёсатмадор ва ё фармондеҳи Тоҷикистон наметавонад шӯҳрату маҳбубияти Масъудро дар ин худи Тоҷикистон орзу кунад.

Ба думболи қатли Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон ва ҳамлаҳои террористӣ дар Амрико, дунё дучори таҳаввул шуд ва марҳилаи наве дар низоми ҷаҳонӣ оғоз гардид. Баъди ин таҳаввулот дарҳои Ғарб ба рӯи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ боз шуд ва ин умедворӣ мерафт, ки сармояи бештаре ба ин кишварҳо биёяд ва рушди демократия низ дар ин кишварҳо шитоби бештаре касб кунад.

АЗ 11/9 КӢ БАҲРА БУРД?

Ҳоло бо ин, ки аз он замон даҳ сол мегузарад, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки аз таҳаввулоти баъди ҳамлаҳои 11-и сентябр бештарин баҳраро режимҳои худкомаи минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон бардоштаанд ва камтарин коре ба нафъи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар анҷом шудааст.

Кишварҳои минтақа ба назари таҳлилгарон ба баҳонаи ҳамроҳӣ дар Эътилофи ҷаҳонӣ ба раҳбарии Ғарб дар

мубориза бо терроризм, мухолифони худро бештар ба ҳошия ронданд ва камтар ба ҳуқуқи инсон таваҷҷӯҳ карданд, балки тавонистанд ба умри низомҳои худ ҳарчи биафзоянд.

Таҳаввулоти 11-и сентябр дари қасрҳои ғарбиро ба рӯи раҳбарони худкомаи Осиёи Марказӣ боз кард, аммо мухолифону фаъолони ҳуқуқи башару озодиҳои маданиро дар ин кишварҳо ба паскӯчаҳо ронд.

Ба ҳамин тартиб, Толибон низ, ки Масъуд ҷони азизи худро сарфи мубориза бо онҳо кард, дубора ба саҳна ҳарчи наздиктар мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG