Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Эрдуғон ба эътирофи давлати Фаластин


Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон имрӯз ба вазирони хориҷаи давлатҳои арабӣ гуфт, эътирофи давлати Фаластин як ӯҳдадорист. Эрдуғон дар қароргоҳи Лигаи Араб дар Қоҳира гуфт, Фаластин то поёни сол дар “як вазъи хеле мухталиф” қарор хоҳад дошт. Ин дар ҳолест ки фаластиниҳо ба ироаи дархости расмӣ ба СММ бо талаби эътирофи давлати онҳо омодагӣ мегиранд.
Эрдуғон феълан бо як сафари расмӣ дар Миср қарор дошта, ба дунбол ба Тунису Либия низ сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG