Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати НАТО дар рафъи ҳамлаи Толибон ба Кобул


НАТО мегӯяд, барои муқобила ба ҳамлаи Толибон дар пойтахти Афғонистон нирӯ фиристодааст. Имрӯз маркази Кобулро силсилаи таркишҳову тирандозиҳо таккон дод. Масъулияти ҳамларо Толибон ба дӯш гирифт. ISAF гуфт, “як гурӯҳи хурд”-и чирикиҳои мусаллаҳ бо хумпораву силоҳҳои сабук дар наздикии қароргоҳи ISAF ва сафорати Амрико дар Кобул ҳамла анҷом додааст. Бино ба ин баёния, нирӯҳои Афғонистон ва эътилоф “билофосила ба ин ҳамла посух додаанд.”
XS
SM
MD
LG