Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи даргирӣ миёни нерӯҳои афғон ва афроди мусаллаҳ дар Кобул


НАТО мегӯяд, барои муқобила ба ҳамлаи Толибон дар пойтахти Афғонистон нерӯ фиристодааст.

То ҳол садои ҳудуди даҳ инфиҷор аз ин маҳали даргириҳо дар чаҳорроҳии Абдулҳаққи Кобул шунида шудааст. Масъули равобити оммаи фармондеҳии амнияти Кобул ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, чанд тан аз мухолифони мусаллаҳ дар як сохтмони нимавайрон ҷобаҷо шудаанд.

Вай дар бораи теъдоди талафоти ин даргириҳо ва таркишҳо ва шумори ҳуҷумкунандагон чизе нагуфтааст.

Толибони мусаллаҳ масъулияти ин ҳодисаро ба ӯҳда гирифтаанд, ки ҳадафи ҳамлаи онҳо таъсисоти вобаста ба амнияти миллии Афғонистон будааст.

Сафорати Амрико дар Кобул низ ҳамлаи ҷангиёни мусаллаҳ бо хумпораву силоҳҳои сабук дар маҳалли атрофи сафоратхонаро таъйид кард, вале гуфт, касе аз кормандонаш осеб надидааст. Сухангӯи сафорат гуфт, ба кормандон амр шуд, ки пинҳон шаванд.



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG