Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе 52 масҷиди дигар расмӣ хоҳад шуд


Масҷиди марказии Душанбе

Масҷиди марказии Душанбе

Кумитаи дини Тоҷикистон бо дархости шаҳрдории Душанбе мақоми 57 намозгоҳро дар пойтахт бозбинӣ мекунад. Солеҳҷон Завқиев, намояндаи Кумитаи дин ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси арзёбии онҳо, аз ин шумор 52 ҷойи ҷамъиятиро метавон ҳамчун масҷиди панҷвақта сабти ном кард. Ба гуфтаи оқои Завқиев, асноди ин сохтмонҳо феълан дар марҳалаи сабти ном қарор дорад. Феълан дар Душанбе 4 масҷиди марказӣ, 20 масҷиди ҷомеъ ва 38 масҷиди панҷвақта амал мекунанд.
XS
SM
MD
LG