Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон масъулияти ҳамлаи Кобулро ба дӯш гирифт


Имрӯз маркази Кобулро силсилаи таркишҳову тирандозиҳо таккон дод. Масъулияти ҳамлаи ҳанӯз давомдор дар наздикии сафорати Амрико дар пойтахти Афғонистонро Толибон ба дӯш гирифт. Дар маҳалли сафорати Амрико, ки таҳти ҳимояти шадид қарор дорад, ситоди нирӯҳои ISAF ва чанд вазоратхона низ ҳаст.
Сухангӯи ISAF хабари ҳамларо таъйид кард, вале дар бораи аҳдофи эҳтимолиаш ҷузъиёт надод. Толибон мегӯяд, чандин ҷангии бо хумпораву камарбандҳои интиҳорӣ мусаллаҳаш ба идороти давлатӣ дар Кобул ҳамла овардаанд.
XS
SM
MD
LG