Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли 22 зоири шиъа дар Нухайби Ироқ


Аҷсоди 22 зоири кушташудаи шиъаро дар як минтақаи дурдасти биёбонӣ дар ғарби Ироқ пайдо кардаанд. Мақомот мегӯянд, ин зоиронро рӯзи 12 сентябр дар посгоҳе, ки афроди мусаллаҳ дар вилояти Анбар дуруст карда буданд, бо зарби тир куштаанд. Ин ҳамла дар Нухайб, тақрибан 200-километрии ғарби шаҳри барои шиъаҳо муқаддаси Карбало сурат гирифта, силоҳбадастон зоирони мардро кушта, занону кӯдакон ва афроди солдидаро раҳо кардаанд. Гуфта мешавад, ин зоирон аз Карбало ба Сурия мерафтанд. Пулис ба шикори ҳамлагарон пардохтааст. Бовар меравад, ки онҳо ҷангиёни марбут ба шабакаи Ал-Қоида бошанд.
XS
SM
MD
LG