Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон кӯҳнавардони амрикоиро раҳо хоҳад кард


Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал
Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал
Бино ба гузориши телевизиони амрикоии NBC, раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, ки ду кӯҳнаварди амрикоии дар Эрон маҳкумшударо то 2 рӯзи дигар раҳо хоҳанд кард. Шон Бауэр, Ҷош Фаттал ва Сара Шоурд ҳанӯз моҳи июли соли 2009 ҳангоми кӯҳнавардӣ дар марзи Ироқу Эрон боздошт шуданд. Сара Шоурд як сол пеш дар ивази ним миллион доллар пули гарав раҳо ёфт ва ба Амрико баргашт. Аммо Бауэр ва Фаттал дар моҳи август бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ва ҷосусӣ 8-солӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Худи онҳо мегӯянд, ҳангоми кӯҳнавардӣ нодониста вориди хоки Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG