Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳсили донишҷӯи туркман дар Тоҷикистон манъ шуд


Туркманистон монеъи идомаи таҳсили шаҳрвандонаш дар донишгоҳҳои Тоҷикистон шудааст. Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар монеъи барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон рафтани садҳо донишҷӯи туркман шудааст. Як донишҷӯи соли панҷуми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аз вилояти Лабиоб (Чорҷӯи собиқ) ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯву ҳамроҳонашро дар марз боздошт карда, монеъи идомаи сафари онҳо ба Душанбе шудаанд. Мақомот аз шарҳи қазия худдорӣ карда,фақат гуфтаанд, ки тибқи дастур амал мекунанд. Як донишҷӯи фаъоли туркман, ки дар донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекард ва ӯро низ дар гузаргоҳи марзии Талимарҷон аз роҳи сафар ба Душанбе манъ карданд, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар макотиби олии Тоҷикистон ҳудуди 870 донишҷӯ аз Туркманистон таҳсил мекард. Вазорати маорифи Тоҷикистон низ таъйид кард, ки имсол ягон донишҷӯ аз Туркманистон барои идомаи таҳсил барнагаштааст.
XS
SM
MD
LG