Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷиди марказии Маскавро тахриб карданд


Масҷиди марказии Маскав
Масҷиди марказии Маскав
Мақомоти Маскав қадимтарин масҷиди пойтахти Русия дар кӯчаи Виползовийро тахриб кардаанд. Масҷиди марказӣ ҳанӯз соли 1904 бо кумаки молии тоҷири тотор Солеҳ Ержин сохта шуда, рӯзи 1 сентябри соли ҷорӣ аз байн бурда шуд. Руслан Аббосов, сухангӯи масҷиди тахрибшуда гуфт, мақомот ба натиҷае расиданд, ки тарқишҳои мавҷуда дар деворҳои масҷиди кӯчаи Виползовий онро барои истифодаи баъдӣ хатарнок гардондааст. Ӯ гуфт, шаҳрдории Маскав бояд дар иваз бинои бузургтареро барои ин масҷид бидиҳад. Руслан Аббосов гуфт, шумораи феълии масоҷид наметавонад шумори рӯ ба афзоиши мусалмонон дар пойтахти Русияро бигунҷонад.
Масҷиди марказӣ қароргоҳи Равил Ғайнуддин – раҳбари муфтиёти Русия буд. Имомати ин масҷидро низ ӯ бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG