Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як мақоми низомии ҷамоати Чоркӯҳ


Раҳбари шӯъбаи бақайдгирии низомии ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар натиҷаи ҳамлаи афроди ношинос кушта шудааст. Неъмат Олимов, раиси ин ҷамоат ба Радиои Озодӣ гуфт, Содиқ Ашӯров 37 сол дошт ва шаби 11 ба 12 сентябр баъди як тӯй дар рустои Хӯҷаи Ало, воқеъ дар наздикии марзи Қирғизистон, дар натиҷаи латукӯб ҳалок шуд.
Дар иртикоби ин қазия тибқи банди 104-уми Қонуни ҷиноӣ (куштор) парванда боз кардаанд. Дар гузашта низ дар ҷамоати Чоркӯҳ чанд мавриди ҳамла ба маъмурони интизомӣ рух дода буд.
XS
SM
MD
LG