Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи таҳсили донишҷӯёни туркман дар Тоҷикистон


Садҳо донишҷӯи туркман имсол натавонистанд барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон биёянд.

Зеро дар моҳи августи соли равон мақомоти Туркманистон бо судури як қарор, таҳсили донишҷӯёни ин кишвар дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро мамнӯъ кардаанд.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ менависад, волидони бархе аз ин донишҷӯён ҳоло дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон қарор доранд то ин масъаларо бо раҳбарони Хадамоти давлатии муҳоҷирати ин кишвар дар миён бигузоранд.

Бо ин ҳол, то кунун мақомоти Туркманистон сабаби манъи таҳсили донишҷӯёнашон дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро тавзеҳ надодаанд. Ҳарчанд волидони ин донишҷӯён тахминан мезананд, ки шояд ин тасмим ба дунболи нигарониҳо аз ифротгароӣ дар Тоҷикистон гирифта шудааст.

Бино ба иттилои мақомот, беш аз ҳазор донишҷӯи туркман шомили донишгоҳҳои Тоҷикистон шудаанд, ки маблағи таҳсилро аз ҳисоби худашон пардохт мекунанд. Маблағи таҳсили онҳо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон солона ба тақрибан 2 ҳазор доллари амрикоӣ баробар будааст. Худи донишҷӯёни туркман мегӯянд, онҳо донишгоҳҳои Тоҷикистонро барои поён будани нархи таҳсил интихоб мекунанд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳам мегӯяд, пас аз таътили тобистона донишҷӯёни туркман аз кишвари худ барнагаштаанд ва дар сурати то 20-уми сентябр ҳозир нашуданашон дар дарсҳо аз донишгоҳҳо ихроҷ хоҳанд шуд. Феълан дар донишгоҳҳои Тоҷикистон гурӯҳи бузурги донишҷӯён аз Узбакистону Қирғизистон, Эрону Афғонистон ва Покистон таҳсил мекунанд, ки аксари онҳо шомили донишгоҳҳои тиббӣ ва омӯзгориянд.

Ин барои нахустин бор нест, ки мақомоти Туркманистон монеи таҳсили донишҷӯён дар кишварҳои хориҷӣ мешаванд. Соли 2009 мақомоти туркман ба таҳсили тақрибан 160 тан аз донишҷӯёни кишвари худ дар Донишгоҳи байнулмилалии Бишкек низ монеъ шуда буданд. Ҳатто он замон ин гурӯҳи донишҷӯён ба феҳристи афроди "хуруҷашон аз кишвар мамнӯъ" шомил шуда буданд.
XS
SM
MD
LG