Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулло Нуров – рамзи Душанбеи осуда


Суоли мо дар паҳлуи акси ӯ дар шабакаи Фейсбук посухҳои зиёде гирифт.

Онҳое, ки Мулло Нуровро мешинохтанд, ӯро “беҳтарин нозири роҳ”, “симои шаҳр”, “посбони бофарҳанги қонуну қоида”, “инсони наҷиб ва нодир” номиданд.

Яке аз ширкатдорони гуфтугӯи фейсбукӣ пешниҳод кард, ки дар шаҳри Душанбе, дар ҳамон ҷое, ки ӯ меистоду ҳаракати мошинҳо ва одамонро танзим мекард, ҳайкали Мулло Нуров гузошта шавад. Ӯ, ки рамзи Душанбе буд, бигзор ҳамчун рамз боқӣ бимонад. Ҳамон гуна ки сайёҳони хориҷӣ талош мекарданд, дар паҳлуи ӯ истода акс бигиранд, бигзор акнун дар паҳлуи ҳайкали ӯ акс бигиранд. Бояд гуфт, аксари хонандагон аз пешниҳод ҳимоят намуданд.

Хонандаи дигар суханони ӯро, ки аз тариқи радиои мошинаш шунида буд, ба ёд овард: “Бай-бай-бай, духтари зебо, айб нест қоидаи роҳро вайрон кардан?”

Бисёриҳо суол кардаанд, ки ҳоло ӯ дар куҷо ва машғули чӣ бошад. Маълум, ки аз сарнавишти талхи Мулло Нуров хабар надоштаанд. Пас ин филмро бубинанд ва ҳам огоҳ шаванду ҳам ёде аз ӯ бикунанд.

Мулло Нуров – рамзи Душанбеи осуда
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:05 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG