Пайвандҳои дастрасӣ

Тошканд ба парвози ҳавопаймои Эрон ба Душанбе иҷоза надодааст


Узбакистон ба ҳавопаймои Эрон бо 150 низомии ин кишвар барои ширкат дар паради Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон иҷозаи парвоз аз ҳарими ҳавоии худро надодааст. Хабаргузории русии “РИА Новостӣ" ба нақл аз як манбаъ дар сафорати Эрон дар Душанбе менависад, Тошканд гуфтааст, барои ҳалли ин масъала 72 соат вақт кор дорад, аммо тарафи Эрон гуфтааст, дар ин ҳолат сарбозон ба ширкат дар паради ҳарбӣ нахоҳанд расид. Ниҳоят, ҳавопаймо аз тариқи ҳарими ҳавоии Афғонистон ба Душанбе парвоз кардааст. Хабаргузорӣ ҳамчунин аз мумониати Туркманистон ба ин парвоз навиштааст, вале намояндаи сафорат ин хабарро рад карда ва гуфтааст, дар ҳоле ки Узбакистон иҷозаи парвоз надод, ризоияти Туркманистон дигар нозарур гашт. 150 низомии Эрон рӯзи 9-уми сентябр дар намоиши ҳарбии Душанбе ҳамроҳ бо ҳарбиёни Русия, Фаронса ва Ҳиндустон ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG