Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигер мехоҳад Саъдӣ Қаззофиро боздошт кунад


Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, Нигер нақша дорад, яке аз писарони Муаммар Қаззофиро боздошт кунад. Сухангӯи вазорат Виктория Нуланд гуфт, Саъдӣ Қаззофӣ ба пойтахти Нигер, Ниамей интиқол дода шудааст. Саъдӣ бино бар хабарҳо охири ҳафтаи гузашта вориди Нигер шуд ва ба шуморе аз чеҳраҳои режими пешини Либия бипайваст, ки ба ин кишвари африқоии бидуни роҳи обӣ паноҳ бурдаанд. Сафари ӯ ба Нигер гумонҳоеро доман задааст, ки Муаммар Қаззофӣ, ки ҳоло куҷо будунаш маълум нест, низ мумкин аст, оқибат ба ин ҷо раҳсипор гардад.
XS
SM
MD
LG