Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи дастаи мусиқии симфонӣ дар Чеченистон


Пас аз 15 сол дар Ҷумҳурии Чеченистони Русия оркестри симфонӣ аз нав ҳунарнамоӣ кард. Мақомоти рӯ ба Маскави ин ҷумҳурӣ эҳёи дастаи давлатии мусиқии смфониро як нишонаи дигари бозгашти эътидолу осоиш ба Чеченистон номиданд. Ҳамзамон консерти аввалини оркестри нав зери чораҳои шадиди амниятӣ ҷараён гирифт. Рӯзи 30-юми август таркиши худкушона дар наздикии бинои порлумони Чеченистон нӯҳ кушта ба ҷой гузошта буд.
XS
SM
MD
LG