Пайвандҳои дастрасӣ

Ихтисори 30 000 ҷойи кор дар Bank of America


Яке аз бузургтарини ниҳодҳои молии Иёлоти Муттаҳида, Бенк ов Америка ба хотири ҳифзи 5 миллиард доллар дар чанд соли оянда 30 000 корманди худро ихроҷ мекунад. Ин тақрибан 10 дарсади нерӯи кори Бонки Амрикост. Дар семоҳаи савуми имсол аллакай 6000 ҷои кор дар ин бонк аз байн бурда шуд. Масъулони бонк мегӯянд, ин як талоши дигари ҳифзи бонк аз пайомадҳои бӯҳрони молист. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама тарҳи иборат аз 447 миллиард долларо ба Конгресс фиристод, то сатҳи бекорӣ дар кишварашро коҳиш диҳад
XS
SM
MD
LG