Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Русия аз тарҳи бунёди давлати Фаластин


Сафири Русия дар Созмони Милал имрӯз гуфт, кишвараш аз аризаи фаластиниҳо ба СММ дар бобати ташкили давлати мустақил пуштибонӣ мекунад. Виталий Чуркин афзуд, кишвараш яке аз сарпарастони раванди сулҳи Ховари Миёна аст. Иёлоти Муттаҳида, Созмони Милал ва Иттиҳоди Аврупо низ ба ин гурӯҳ шомиланд. Иёлоти Муттаҳида ва Исроил мухолифати худро ба ин талош изҳор доштаанд. Намояндаи Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, интизори матни санадест, ки фаластиниҳо мехоҳанд ба Созмони Милал пешниҳод кунанд. Раъйдиҳӣ дар мавриди давлати мустақили фаластиниҳо қарор аст, охири имсол дар Маҷмаи умумии Созмони Милал баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG