Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯгоҳи атомии Бушеҳри Эрон ба кор шурӯъ кард


Дар Эрон имрӯз нахустин нерӯгоҳи барқи атомӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бо кӯмаки Русия бунёд шудааст. Иқтидори нерӯгоҳи Бушеҳр 1000 мегават аст ва дар марҳилаи кунунӣ он бо 40 дар сади иқтидори худ нерӯи барқ ҳосил мекунад. Фаридун Аббосӣ, муовини раиси ҷумҳури Эрон гуфт, нерӯгоҳи Бушеҳр, баъди озмоишҳои иловагӣ моҳи декабр бо иқтидори комили худ нерӯи барқ тавлид хоҳад кард. Баъзе аз қудратҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон таҳти пардаи барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ месозад. Теҳрон ин иддаъоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG