Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади Ҷонибеки 24-соларо аз Маскав, бо осори 21 зарбаи корд ва бо гардани бурида ба Панҷакент оварданд.

Амаки Ҷонибек - Амриддин Қосимов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади ӯро дар як ҷангали назди деҳаи Василево, 80-километрии пойтахти Русия занбурӯғчинҳо пайдо карда ва ба пулис хабар додаанд.

"Ба мо аз Идораи умури дохилии шаҳраки Сергиев Посад гуфтанд, ки Ҷонибекро дар ҷои дигар кушта ҷасадашро оварда дар ҷангал партофтаанд ва мошинашро дар ҷои дигар сӯзонидаанд. Бовар кунед, чӣ хеле гӯсфандро мекушанд, ҳамин
Моҳи декабри соли 2008 аз Русия сари буридаи муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизовро оварданд, ки вокунишҳоеро дар миёни сокинон ба вуҷуд овард, вале мақомот он замон низ ҳарфе дар ин бора нагуфта буданд...

хел рафтор кардаанд. Аввал 21 корд зада, пас аз он гарданашро буридаанд. Ҳоло мо дар бораи азобу шиканҷае, ки ба ӯ додаанд, намедонем. Пулиси он ҷо гуфт, ки таҳқиқот мебаранд ва ҳар натиҷае, ки ба даст омад, ба мо хабар медиҳанд",-афзуд ӯ.

Сарнавишти Ҷонибек Қосимов танҳо ҳодисае нест, ки дар Русия ба сари муҳоҷирони тоҷик меояд. Тайи як даҳсола аст, ки теъдоди тобутҳои муҳоҷирони корие, ки хусусан аз дасти миллатгароҳои рус ба қатл мерасанд, сол ба сол афзоиш меёбад.



Аммо мақомоти Тоҷикистон дар баробари ин ҳама тобути шаҳрвандонаш, ки теъдоди он дар сол то 700 мерасад, вокунише нишон надодааст. Порлумон ҳам ба таври ҷиддӣ ин мавзӯъро дар назди ҳукумат нагузоштааст.

ДАР РУСИЯ АЗ ТОҶИК МАЗЛУМТАР КАСЕ ҲАСТ?

Ҳуқуқдон ОЙНИҲОЛ БОБОНАЗАРОВА, раиси созмони ғайридавлатии "Перспектива плюс" мегӯяд, сабаби бештари кушта шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ба
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик

Тоҷикистон бештар интиқол ёфтани тобутҳо пеш аз ҳама ба бепарвоӣ ва хомӯшии ҳукумати Тоҷикистон, порлумон ва ҷомеаи кишвар вобаста аст.

Ба қавли ӯ, қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил шудаст, ки танҳо Вазорати умури дохила ҳар нимсола хабари интиқоли тобутҳоро ба монанди дигар хабарҳои маъмулӣ пахш мекунаду тамом: "Бояд ҳукумати Тоҷикистон ва порлумони кишвар ин масъаларо ҷиддӣ бигиранд. Ин бонги изтироб аст. Бубинед, дар Гурҷистону Қирғизистон, вақте чунин ҳолат рух дод, ҳукумат ва порлумонҳои онҳо ва ҳам мардумаш эътирози ҷиддӣ ва ҳам вокуниши ҷиддӣ нишон додаанд ва ҳукумати Русияро водор карданд, ки бадар муносибат муҳоҷирини кории онҳо боэҳтиёт бошанд ва дар матбуоташон ҳам ҳам боэҳтиёт сӯҳбат кунанд. То ҷое, ки иттилоъ дорам, аз ҳама бештар муҳоҷирони тоҷик ба қатл мерасанд ва ин масъала бояд ба таври алоҳида миёни раҳбарони ду кишвар музокира шавад ва ниҳоят мизони ин қатлу таъқиб кам карда шавад."

395 ТОБУТ ДАР 6 МОҲ

Ёдовар мешавам, дар мулоқоти ахире, ки дар оғози моҳи сентябр миёни президентҳои Тоҷикистону Русия дар Душанбе сурат гирифт, масъалаҳои ҷидии миёни ду кишвар байни Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев баррасӣ шуданд, ки дар матбуоти ҷаҳон бозтоби амиқ пайдо карда буд, аммо мавзӯи сарнавишти талхи муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия аслан ёдоварӣ нашудааст.

МУҲАММАДУЛЛО АСАДУЛЛОЕВ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, агар дар нимаи аввали соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 380 тобут оварда бошанд, дар 6 моҳи аввали соли равон 395 тобути шаҳрвандони тоҷик интиқол дода шудааст, ки 51 тани онҳо аз дасти скинҳедҳо ё миллатгароҳои рус ба қатл расидаанд.

"САНДУҚИ СОЗИШНОМАҲО БА ДАРД НАМЕХӮРАД..."

ШОДӢ ШАБДОЛОВ, узви порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ниҳодҳои масъули давлати ин кишвар, ки дар Русия ба масоили муҳоҷират машғуланд, салоҳият ва ваколати расидагӣ ба мушкили муҳоҷирини кориро надоранд. Ба қавли ӯ, як қатор масъалаҳое мавҷуданд, ки агар мақомоти ҳукумати
Шодӣ Шабдолов, вакили МН аз ҲКТ
Тоҷикистон ба ҳалли амалии онҳо даст наёбанд, дигаргуниеро дар ин росто интизор шудан ғайриимкон аст: "Мақомоте, ки ваколатдор ва салоҳиятдор бошаду ба арзу доди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бирасаду ҳалли онро то охирин марҳила пайдо кунад, ҳамчунин мақомоти давлати Тоҷикистон дар Русия вуҷуд надорад. То мақомоти зидахл пайдо нашавад, то замоне ки душаҳрвандӣ ба таври амалӣ ҳалли худро наёбад, ин сандуқ-сандуқ созишномаҳое, ки дар 20 соли гузашта ба имзо расидаанд, ба дарди касе намехӯранд. Ҳой доду фарёд, озодӣ, истиқлолият садо баланд мекунанд ба ин масъалаҳо диққат намедиҳанд ва вақте ки чунин ҳолатҳо ба шаҳрвандҳо пеш меояд, намедонанад ба куҷо муроҷиат кунанд."

ОРЗУҲОИ БАРБОДРАФТАИ БОЗ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК...


Амриддин Қосимов, амаки Ҷонибек мегӯяд, вақте ба Идораи умури дохилаи шаҳраки Сергиев Посад дар робита ба қазияи Ҷонибек Қосимов муроҷиат кардаанд, онҳо дар посух гуфтаанд, ки ҳоло ҳеҷ маълумоте дар даст надоранд ва бо боз шудани уқдае аз ин ҳодиса онҳоро дар ҷараён хоҳанд гузошт. Вай мегӯяд, чандон бовар надорад, ки онҳо ба ин қазия ҷиддӣ муносибат кунанд.

Ба қавли Амриддин Қосимов, дар манзилашон ҷиҳози хонадоршавии Ҷонибек Қосимов омода шуда буд ва ҳама интизори рӯзи хӯрсандии ӯ буданд. Рӯзи хурсандие, ки акнун ба мотами як хонавода ва доғи сиёҳе дар дили волидони ӯ табдил ёфтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG