Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мегӯяд, фишори изофӣ ба Сурия лозим нест


Давлати Русия имрӯз даъватҳо барои эъмоли фишори бештар ба Сурияро рад кард, ки ҳамчунон ба саркӯби тазоҳуроти зиддидавлатӣ идома медиҳад. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия имрӯз гуфт, бо назардошти таҳримоти ахири Амрикову Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Сурия “дигар фишори изофӣ дар ин самт лозим нест.” Рӯзе пештар аз ин Фаронса набуди мавзеъгири муштарак дар баробари режими Башшор Асад дар Сурияро, “расвоӣ” хонд. Русияву Чин ду узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба пешниҳодоти Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо барои фишори бештари байналмилалӣ ба Сурия муқовимат кардаанд. Ҳамчунин имрӯз Навӣ Пиллай, масъули Созмони Милал дар ҳуқуқи инсон гуфт, сар аз моҳи март то кунун дар ҷараёни тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Сурия 2600 нафар кушта шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG