Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи пурқурбонӣ ба як полоишгоҳи нафти Либия


Тарафдорони Муаммар Қаззофӣ ба як полоишгоҳи муҳими нафт дар шаҳри соҳилии Рас Лануф ҳамла кардаанд ва дар набард бо онҳо дасти кам 15 нафар кушта шудаанд. Низомиёни ҳукумати муваққати Либия мегӯянд, гурӯҳи ҳамлавар кушта шуд, вале хабаргузории “Ройтерс” аз қавли шоҳидони айнӣ навиштааст, ки дар ҳамла 15 посбони полоишгоҳ ҷон бохтаанд, вале ба истиснои дарвозаи таъсисот дигар ҳеҷ ҷойи он осеб надидааст. Айни замон шӯришиён дар шаҳри Бани Валид, ягона такягоҳи ҳаводорони Муаммар Қаззофии раҳбари суқуткардаи Либия ба муқовимати сахте рӯ ба рӯ шудаанд.
XS
SM
MD
LG